Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи муҳокимаи Юлия Козлова дар Қазоқистон


Баҳси парвандаи Юлия Козлова, рӯзноманигори сомонаи мухолифи Nakanune.kz дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон идома ёфт.

Ин дафъа шоҳидони ҳар ду тараф - айбдоркунанда ва айбдоршаванда дар додгоҳ пурсида шуданд. Айбдоркунанда ба ҳайси шоҳид Сафарҷон Сафаргалиулиро даъват кардааст, ки Сафарҷон дар вақти кофтукови манзили Козлова ширкат дошт. Шоҳиди дувуми айбдоркунанда ба додгоҳ ҳозир нашудааст.

Ин рӯзноманигор бар асоси қисми дувуми моддаи 296 кодекси ҷиноятӣ ("истеҳсол, коркард, дарёфт, нигаҳдорӣ, интиқол додани маводи мухаддир, моддаи психотропӣ ва монанди онҳо") айбдор мешавад.

Вакили мудофеи айбдоршаванда гуфтааст, шоҳиди дувуми ҷониби айбдоркунанда дар академияи ВКД таҳсил мекунад. Агар ин далел истбот шавад, пас ҷалби шоҳиди дувуми айбдоркунанда ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Юлия Козлова гуфтааст, ҳангоми ҷустуҷӯи манзилаш ду шоҳиди айбдоркунанда на ҳамчун нафарони холис рафтор кардаанд, балки "муфаттишонро кумак намудаанд".

XS
SM
MD
LG