Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Саъудӣ истихроҷи нафтро баррасӣ мекунанд


Александр Новак

Александр Новак

Бино ба гузоришҳо, вазирони нафти Русия ва Арабистони Саъудӣ дар Доҳа-пойтахти Қатар бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар бораи поин бурдани мизони истихроҷи нафт аз тарафи ин ду кишвари бузурги тавлидкунандаи нафт дар гардиш аст.

Манобеи хабарӣ гуфтаанд, ки 16 феврал вазирони нафти Венесуелаву Қатар низ дар ин музокирот ширкат меҷӯянд. Аз моҳи июли соли 2014 то ҳол нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ тақрибан 70 дарсад коҳиш ёфтааст ва ҳоло як бушкаи он ҳудуди 30 долларро ташкил медиҳад.

Чунин вазъ иқтисоди Русияву Озарбойҷон ва Ироқро, ки ба даромади нафт вобаста аст, ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Арабистони Саъудӣ гуфтааст, ки истихроҷи нафтро кам нахоҳад кард.

Александр Новак-вазири энержии Русия гуфт, ки вай коҳиши истихроҷи нафтро баррасӣ мекунад, агар кишварҳои дигари тавлидкунанда низ ба ин тасмим ҳамроҳ шаванд. Вале Игор Иечин-раиси ширкати давлатии Роснефт коҳиши ҳамоҳангшудаи истихроҷи нафтро баъид медонад.

XS
SM
MD
LG