Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори харидории аслиҳа аз Русия шудааст


Эрон ба нақша гирифтааст, ки аз Русия ба арзиши 8 миллиард доллар аслиҳаву муҳимот харидорӣ кунад. Феҳристеро, ки кошиносони эронӣ ба Русия пешниҳод кардаанд, Кохи Кремл, ҳукумат ва вазорати дифои Русия омӯхтаанд.

Дар ин бора рӯзномаи “«Коммерсант» ба нақл аз манобеи худ дар бахши ҳамкориҳои низомиву фаннӣ хабар додааст.

Бино ба ин хабар, мумкин аст дар ин шартнома ҳавопаймоҳои шикории Су-30СМ, чархболҳои Ми-8 ва Ми-17 ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ-омӯзишии Як-130 ва киштиҳои зериобӣ дохил шаванд.

Ёдоварӣ шудааст, ки барои иҷрои ин дархости Эрон ду омили пешгирикунанда вуҷуд дорад. Яке ин ки Теҳрон пул надорад ва мехоҳад аслиҳаро қарз бигирад. Вале Русия ба сабабҳои бӯҳрони иқтисодӣ ба қарз розӣ нахоҳад шуд.

Гузашта аз ин, қатъномаи 2231-и СММ додани аслиҳа ба Эронро маҳдуд мекунад. Ин қатънома то соли 2020 эътибор дорад. Аз ҷумла, Русия наметавонад ба Эрон ҳавопаймои Су-30 диҳад.

15 феврал Ҳусейн Деҳгон-вазири дифои Эрон барои боздиди дурӯза вориди Маскав шуд. Мулоқоти вай бо раҳбарони Русия низ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG