Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб ҳамлаҳои Русия дар Сурияро маҳкум кард


Кишварҳои ғарбӣ ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба бемористонҳои Сурияро маҳкум карданд. 15 феврал дар ин ҳамлаҳо тақрибан 50 нафар ғайринизомиён кушта шудаанд. СММ мегӯяд, ин ҳамлаҳо дар Ҳалаб ва вилояти Идлиб ба 5 бемористон ва 2 мактаб сурат гирифтааст.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ин ҳамлаҳоро “нақзи дағалонаи муқаррароти байналмиллалӣ” номид. Вай афзуд, чунин рафтор ба уҳдадориҳое, ки Русия ҳафтаи пеш дар бораи оташбас дар Сурия гирифта буд, соя афкандааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, чунин ҳамлаҳои харобиовар омодагии Русияро барои қатъи бераҳмиҳои режим бар зидди мардуми худаш зери шубҳа бурдааст.

Жан Марк Эро-вазири нави корҳои хориҷаи Фаронса ин ҳамлаҳоро “ғайриқобили қабул” хонд ва онро “ҷинояти ҷангӣ” номид. Вазири корҳои хориҷаи Туркия низ онро “ҷинояти ошкори ҷангӣ” арзёбӣ кард ва ба Русия ҳушдор дод, ки агар фавран ба чунин ҳамлаҳо хотима надиҳад, ба оқобатҳои ҷиддии он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG