Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои зидди президент рад шуд


Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек даъвои рӯзноманигор Дайирбек Орунбековро алайҳи президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонеъ накард. Орунбеков дар аризаи даъвогии худ аз додгоҳ талаб карда буд, суханони президентро, ки алайҳи вай гуфта шудааст, рад кунад ва аз ҷавобгар 1 соми рамзӣ ҳамчун зарари маънавӣ ситонад.

Хабар дода мешавад, ки рӯзноманигор аз болои ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят мебарад.

Дар охири моҳи декабри соли 2015 президент Алмосбек Отамбоев дар нишасти хабариаш гуфт, рӯзноманигореро, ки ӯро баднома кардааст, ҳаргиз нахоҳад бахшид. Ба гуфтаи президент, Орунбеков матлабҳои фармоишӣ нашр карда, далелҳои тасдиқношударо манзури ҷомеа намудааст.

Ёдрас мешавем, рӯзноманигор Дайирбек Орунбеков аз сӯи додгоҳ вазифадор шудааст, ки барои расонидани зарари маънавӣ ба президент 2 миллион сом - муодили 200 ҳазор сомонӣ биспорад. Ин ҳукмро додгоҳи ноҳияи Аламудуни Бишкек дар моҳи июни соли 2015 содир карда буд.

Аризаи даъвогӣ барои ҳифзи шаъну шарафи президентро додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубаева ба додгоҳ бурд. Дар ариза гуфта мешавад, ки рӯзноманигор дар яке аз матлабҳояш президент Алмосбек Отамбоев ва дигар аъзоёни Ҳукумати муваққатиро дар ба вуҷуд омадани ҳаводиси моҳи июни соли 2010 муттаҳам кардааст. Орунбеков ин парвандаро фармоиши сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG