Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза дар марзи Узбакистон бо Қирғизистон


Субҳи соати 5:58 ба вақти маҳалии 16 феврал дар марзи Қирғизистону Узбакистон ба иқтидори 4.5 дарҷаи Рихтер заминларза рух додааст.

Бино ба иттилои Пажуҳишгоҳи сейсмологии Қирғизистон, маркази заминларза дар минтақаи 6 километрии деҳаи Қизил-Ҷар, дар қисмати шимолу ғарби ин кишвар воқеъ будааст.

Дар мавриди талафоти ҷонию хисороти иқтисодӣ иттилое нарасидааст.

XS
SM
MD
LG