Пайвандҳои дастрасӣ

Мусовии мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Тайван


Лаҳзае аз мусобиқаи дастаҳои Тоҷикистон ва Тайван

Лаҳзае аз мусобиқаи дастаҳои Тоҷикистон ва Тайван

Тоҷикистон бозиро бо дастаи Тайван бо ҳисоби 3:3 анҷом дод, вале аз идомаи мубориза дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии севумашро дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тошканд бо тими миллии Тайван бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод. Ин бозии охирини гурӯҳи «С», ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Узбакистон баргузор шуд, шаби душанбеи 15-уми феврал ба поён расид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Некрӯз Алимаҳмадов, Шавқат Ҳалимов ва Меҳрубони Тиллозода ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Тайван чунин буд: 1.Фирӯз Бекмуродов, 6.Некрӯз Алимаҳмадов, 10.Мансур Мамедбобоев (капитан), 11.Меҳрубони Тиллозода. 14.Дилшод Саломов.

Бозигарони захиравӣ: 2.Муродулло Алиқулов, 3.Фирӯз Юсуфзода, 4. Собирҷон Гуляков, 7.Муҳаммад Раҳмонов, 9.Файзалӣ Сардоров, 12.Акбар Ортуқов, 13.Шавқат Ҳалимов.

Сармураббӣ: Ҳусейн Шодиев.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 15 феврал мунтахаби Тайланд дастаи Ветнамро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 11 феврал аз тими Тайланд бо ҳисоби 4:5 ва дар бозии дувумаш 13 феврал аз дастаи Ветнам бо ҳисоби 1:8 мағлуб шуда буд.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ Тайланд бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ветнам бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дастаҳои Тайван ва Тоҷикистон, ки бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “С”

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

Тайланд

3

3

0

0

15-7

9

Ветнам

3

3

0

0

14-8

6

Тайван

3

0

1

2

9-15

1

Тоҷикистон

3

0

1

2

8-16

1

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “А” Узбакистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “В” Эрон ва Ироқ, аз гурӯҳи “С” Тайланд ва Ветнам ва аз гурӯҳи “D” Ҷопон ва Австралия ба чаҳорякфинал баромаданд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд соҳибони роҳхатҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2016 мешаванд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия барпо мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2016

Гурӯҳи «А»: АрабистониСаудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

Ироқ – Чин – 6:1

Лубнон – Қирғизистон -4:4

Урдун – Эрон – 0:6

Узбакистон – АрабистониСаудӣ -5:2

11 феврал (панҷшанбе)

Тайланд – Тоҷикистон – 5:4

Ҷопон – Қатар - 1:0

Ветнам – Тайван – 5:4

Австралия – Малайзия – 2:1

12 феврал (ҷумъа)

Чин – Эрон - 0:7

АрабистониСаудӣ – Лубнон - 3:3

Урдун – Ироқ - 3:4

Қирғизистон – Узбакистон – 1:2

13 феврал (шанбе)

Тайван – Тайланд – 2:7

Малайзия – Ҷопон – 1:11

Тоҷикистон – Ветнам – 1:8

Қатар – Австралия– 2:5

14 феврал (якшанбе)

Эрон – Ироқ – 13:2

Чин – Урдун – 5:1

Узбакистон – Лубнон - 2:0

Қирғизистон – АрабистониСаудӣ – 3:2

15 феврал (душанбе)

Ҷопон – Австралия – 3:1

Малайзия – Қатар- 2:6

Тайланд – Ветнам – 3:1

Тайван – Тоҷикистон – 3:3

Тақвими бозиҳои чаҳорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – Узбакистон — Ироқ

16:00 – Тайланд — Австралия

19:00 –Эрон — Қирғизистон

19:00 – Ҷопон — Ветнам

Плей-офф

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи Узбакистон/Ироқ— Мағлубшудаи Тайланд/Австралия

16:00 – Мағлубшудаи Эрон/Қирғизистон— Мағлубшудаи Ҷопон/Ветнам

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби Узбакистон-Ироқ/Тайланд-Австралия

— Ғолиби Эрон-Қирғизистон/Ҷопон-Ветнам

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби Узбакистон/Ироқ — Тайланд/Австралия

19:00 – Ғолиби Эрон/Қирғизистон –Ҷопон/Ветнам

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG