Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи 13 узви ҲНИТ ба таъхир афтод


Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро то 24 феврал ба таъхир андохтааст.

Наздикони муҳокимашавандагон рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар мурофиаи имрӯз айбдоршавандаҳо аз раёсати мурофиаи додгоҳӣ хоҳиш карданд,ки дар мурофиаҳои баъдӣ журналистҳо ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват шаванд.

Онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз раёсати мурофиаи додгоҳӣ ба ин пешниҳод посух надодааст ва рӯзи мурофиаи навбатиро 24 феврал таин кардааст.

Дар мурофиаи имрӯз низ наздикони аъзои айбдоршавандаҳо ба ҷаласаи додгоҳ роҳ дода нашуда ва вакилони мудофеъ аз ҷараёни додгоҳ ба онҳо хабар додаанд.

Онҳо мегӯянд, имрӯз дар муқоиса ба мурофиаи аввал лаҳни суҳбати додрас бо айбдоршавандаҳо мулоимтар будааст.

Ин мурофиа дар ҳоле идома дорад, ки рӯзи 8 феврал Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

XS
SM
MD
LG