Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавони қирғиз занеро дар метрои Москва наҷот дод


Корманди пулис Артем Королюк ва Марат Исаеви қирғиз Юлия Валро, ки аз пойгоҳи истгоҳи метро ба болои роҳи оҳан афтид, наҷот доданд.

Ин мардҳо талош карданд, ки ҷабрдидаро, ки дар ҳоли беҳушӣ буд, боло бароранд, аммо қатор зуд ба онҳо наздик мешуд. Онҳо танҳо ба ҷой кардани ин зан дар миёни роҳи оҳан фурсат пайдо карда, сипас худ низ дар канораш ҷой гирифтанд. Ҳамин лаҳза қатор ба назди онҳо расид ва вагони аввали қатор пеш аз расидан ба онҳо дар болояшон аз ҳаракат бозистод.

Зани осебдида бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ карда шуд ва наҷотдиҳандагонаш осебе надиданд. Бемории саръ ё эппилепсияи ин зан ногаҳонӣ хуруҷ карда, вай ба болои роҳи оҳан афтод. Марат Исаеви 28 сола, ки дар Москва кор мекунад, бидуни андешае худро болои роҳи оҳан афканд, то ба корманди пулис кумак кунад.Расонаҳои русӣ дар оғоз нахостанд, ном ва корнамоии ӯро зикр кунанд.

Марат Исаев дар ширкати «Дизайн Депо» ба унвони номарасон кор мекунад. Ин ширкат мехоҳад, ба ӯ барои корнамоияш ҷоиза диҳад.

XS
SM
MD
LG