Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино бар таҳқиқи созмони мустақили "Левада- центр " бештар аз 80 дарсади пурсидашудагони Русия бар ин назаранд, ки кишвар дар ҳолати буҳрони иқтисодӣ қарор дорад.

Дар гузорише, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, 21 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, тарс доранд, ки буҳрони иқтисодӣ "солҳои тӯлонӣ" давом хоҳад кард, 23 дарсади дигари пурсидашудагон гуфтаанд, буҳрон ҳадди ақал 2 сол идома хоҳад ёфт.

Ба андешаи 47 дарсад, афтодани нархи нафт буҳронро ба вуҷуд овард, 33 дарсад фасодро сабаби буҳрон донистаанд, 27 дарсади дигар - таҳримҳои Ғарбро ва 26 дарсад гуфтаанд, харҷҳои зиёд барои харидани силоҳ ва бюрократия омили зуҳури буҳрон гаштаанд.

Бештар аз нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, буҳрон маҷбурашон кардааст, ки харҷи ғизову маҳсулоти ниёзи аввалияашонро кам кунанд. Давоми ду сол шумори шаҳрвандоне, ки маҷбур шудаанд, харҷҳояшонро кам кунанд, тибқи ин таҳқиқ, аз 37 то 58 дарсад боло рафтааст. 40 дарсади ин шаҳрвандон гуфтаанд, нисфи маошашонро барои харидани ғизо сарф мекунанд.

XS
SM
MD
LG