Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси собиқи «Русада» - оҷонсии зиддидопингии Русия Никита Камаев дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт. Ду моҳ пеш ӯ аз мақомаш истеъфо дод. Наздиконаш гуфтанд, ки чанд лаҳза пеш аз маргаш Камаев бо лижаронӣ машғул шуда, ногаҳон аз дарди ноҳияи дил шикоят карда даргузаштааст. Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг моҳи ноябри соли 2015 Русияро аз ҳақи ширкат дар мусобиқаҳои атлетии байналмилалӣ маҳрум кард ва гуфт, ки чунин қарор баъди ошкор шудани ҳодисаҳои зиёди фасод ва ҳам сохтакорӣ қабул шудааст. Моҳи декабр Камаев ва раҳбарони дигари оҷонсии «Русада» ба истеъфо рафтанд.

XS
SM
MD
LG