Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишгоҳи Бачахони воқеъ дар шимолуғарби Покистон як моҳ баъди ҳамлаи маргбори террористӣ дубора боз шуд. Дар ҳамлаи Толибон рӯзи 20 январ 21 толибилм ва устод кушта шуд. Дарсҳо дар донишгоҳи шаҳри Чорсадда рӯзи 15 феврал аз нав шурӯъ шуданд ва дар муроҷиаташ ба донишомӯзон раиси донишгоҳ Файзулраҳмон Маврат гуфт, ки барои таъмини амнияти онҳо тамоми тадобир андешида шудааст. Дар як ҳамлаи ваҳшатноки соли 2014 ба мактабе дар Пешавар 150 нафар, аксар кӯдакон кушта шуданд. Толибон мегӯянд, ки мактабҳои дунявиро ҳамчун зуҳуроти зиддиисломӣ мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG