Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Маскав аз кӯмак ба Сурия даст намекашад


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки Маскав то замони ба сулҳи комил даст ёфтани ҳукумати президент Башор Асад дар ҷанг бо мухолифон, аз кӯмаки низомӣ ба Сурия даст намекашад. Ин суханҳоро Медведев дар сӯҳбат бо маҷаллаи “Time” баён кард, ки рӯзи 15 феврал нашр шуд. Вай гуфт, ҷангиёни мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ ҳадафи қонунии ҳамлаҳои ҳавоии Русия мебошанд. “Ҳамаи онҳо ҷинояткор ва террорист ҳастанд”, гуфт Медведев. Вай гуфт, ки сулҳи Сурия танҳо дар он сурат даст медиҳад, ки Башор Асад бо он нирӯҳои шӯришӣ сари як мизи гуфтушунид нишинад, ки тавони расидан ба як созишро дошта бошанд. Айни замон, гуфт ӯ, ҳанӯз доираи ин афрод бояд мушаххас шаванд. Медведев инчунин гуфт, ки ҷараёни сулҳ бояд сарнавишти Асадро дар ояндаи Сурия мушаххас кунад, вагарна ҳолати аҷибу ғариб ба миён меояд.

XS
SM
MD
LG