Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия мавзеи курдҳоро дар Сурия тирборон кард


Нерӯҳои Туркия фурудгоҳи низомии Миннеҳ ва деҳаҳои наздики ин фурудгоҳро гулулаборон карданд.

Ин мавзеъҳоро чанд рӯз пештар нерӯҳои курдӣ тасарруф кардаанд. Шуруи амалиёти Туркияро Маркази назорати ҳуқуқи инсони Сурия, ки дар хориҷи ин кишвар ҷойгир аст, таъйид кард. Баъдан сарчашмаҳое дар дохили ҳукумати Сурия низ ин маълумотро тасдиқ карданд.

Сарварзири Туркия Аҳмад Довудоғлу низ гулулаборонро тасдиқ кард. Намояндаи расмии шӯришгарони курд низ гуфт, фурудгоҳи ҳарбии Миннеҳ тирборон шудааст.

Пеш аз оғози гулулаборон Довудоғлу гуфт, кишвараш омода аст, зидди курдҳои Сурия, ки бархе аз навоҳии шимолиии Сурияро гирифтаанд, амалиёти низомӣ оғоз намоянд. Сарвазири Туркия аз амалиёти заминӣ ёдовар нашуд, вале гуфт, мавзеҳои нерӯъҳои курдӣ гулулаборон хоҳанд шуд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Арабистони Саудӣ ҳавопаймоҳои низомияшро дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА дар "Инҷирлик"-и Туркия фуруд меорад. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар ин бора хабар додааст. Вазири турк афзуд, Туркия ва Арабистони Саудӣ "метавонанд" зидди гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" амалиёти заминиро оғоз намоянд.

XS
SM
MD
LG