Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳсили мактаббачаҳои яке аз деҳаҳои Қирғизистон дар юртаҳо


Дар деҳаи Кожокелени ноҳияи Қара-Суйи вилояти Ӯш кӯдакон водор шудаанд дар фасли зимистон дар юртаҳо таҳсил кунанд.

Мактаби деҳа дар вазъи садамавӣ қарор дорад ва ба ин сабаб дар моҳи феврали соли гузашта баста шуд. Аз он замон қариб 300 кӯдак дар чанд юрта чаҳорнафарӣ дар паси ҳар як миз дарс мехонанд.

Раиси деҳа Нурмуҳаммад Ҳусейнов хабар дод, ки сохтмони мактаби нав ба сабаби набудани маблағ ба таъхир афтодааст. Корҳои сохтмонии мактаби нав барои 225 мактабхон танҳо ба маблағи 8 миллион сом анҷом шудааст, ҳарчанд барои ин тарҳ 52 миллион сом ҷудо карда шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG