Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯзбекистон фурӯшандаҳои мағозаҳое, ки ба тиҷорати машрубот машғуланд, вазифадоранд аз харидороне, ки чеҳраашон ҷавонтар аз 20 сол менамояд, шиноснома талаб кунанд.

Чунин муқарраротро вазорати тандурустии Ӯзбекистон таҳия кардааст.

Ин вазоратхона фурӯшандаҳоро вазифадор кардааст ба нафароне, ки ҷавонтар аз 20-сола ҳастанду бо худ шиноснома надоранд, машрубот нафурӯшанд.

Ба ҷуз аз ин, дар Ӯзбекистон фурӯши машрубот ва маҳсулот аз тамоку дар мошинҳои худкор манъ шуд.

Намояндагони вазорати тандурустии Ӯзбекистон иддао доранд, ки ин тадбирҳо ба манзури ҳимояти ҷавонон аз истеъмоли машрубот ва сигоркашӣ роҳандозӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG