Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон мехоҳад мушаки дувуми кайҳониро партоб кунад


Туркманистон корҳои таҳияи дувумин мушаки миллии маснуии заминро анҷом медиҳад, хабар медиҳад “Хроника Туркменистана” бо истинод ба хабари ҳукумати кишвар. Тарҳи таъсиси ин мушаки кайҳонӣ дар ҷаласаи Девони вазирон баррасӣ шудааст. Зимни баррасии корҳои дар ин самт анҷомшуда, раҳбари кишвар дастур дод, ки ҳамаи корҳо дар заминаи таҳияи дувумин мушаки миллии маснуии замин дақиқан баррасӣ шаванд. Партоби нахустин мушаки маснуии TürkmenÄlem 52°E аз нимҷазираи Канаверал (иёлоти Флорида, ИМА) 28 апрели соли 2015 баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи октябри соли 2015 президент Бердимуҳаммадов аз истифодаи мушаки аввалин изҳори норизоиятӣ карда, гуфт, барои ба фазои кайҳонӣ баровардани нахустин мушаки маснуии замин маблағи зиёде сарф шудааст, аммо зарфияти он ба таври комил истифода намешавад.

XS
SM
MD
LG