Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои нави КМИРТ


Дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 15 феврал номзадҳо ба аъзои нави Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиро баррасӣ ва тасдиқ кардааст.

Дар иҷлос се нафар: Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагон, Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлия аъзои Комиссияи интихобот ва раъпурсӣ интихоб шуданд. Ин се нафар дар ҷои Ҷалолиддин Маҳмудзода, узви маҳкумшудаи Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва Акбаралӣ Сатторов, раиси собиқи Иттиҳодияи журналистон, ки соли гузашта фавт карда буд, интихоб гардиданд.

XS
SM
MD
LG