Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳоду Комроншоҳ дар Австрия ноком шуданд


Комроншоҳи Устопириён ба ҳангоми мусобиқа

Комроншоҳи Устопириён ба ҳангоми мусобиқа

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти кушодаи дзюдои Аврупо дар Австрия бе медал монданд.

Дар мусобиқоти кушодаи дзюдои Аврупо байни мардон (European Judo Open Men Obervart 2016), ки рӯзҳои 13-14 феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, 241 гуштигир аз 48 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн - 60, 66, 73, 81, 90, 100, + 100 кг - сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ду гуштигир - Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ карданд. Вале ҳарду паҳлавони тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг (ҳамагӣ 45 гуштигир иштирок дошт) дар нахустин қувваозмоияш бар Алаин Апраҳамиан (Уругвай) пирӯз шуд, вале дар даври дувум аз Ассет Ахметҷонов (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг (ҳамагӣ 32 гуштигир ширкат кард), ки дар даври аввал бар Айбол Айтбек (Қазоқистон) ғолиб омад, дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Антони Лаигнес(Фаронса) бохт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Муғулистон бо 3 медал – 2 тило ва 1 нуқра - мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон бо 2 медал (1 тило ва 1 биринҷӣ, инчунин чаҳор ҷойи 5-ум) дувум ва мунтахаби Эрон бо 2 медал (1 тило ва 1 биринҷӣ) севум шуданд.

Гуштигирони Қазоқистон, Австрия ва Маҷористон яктоӣ медали тило ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Мардон
60 кг

1. ПАИШЕР Людвиг (Австрия)
2. КИТАДАӢ Фелип (Бразилия)
3. ШИРИНЛӢ Вугар (Озарбойҷон)
3. ТАКАБАТАКЕ Эрик (Бразилия)

66 кг
1. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)
2. АБДЕЛМАВГОУД Муҳаммад (Миср)
3. ЧИБАНА Чарлес (Бразилия)
3. ЛАРОС Давид (Фаронса)

73 кг
1. ЧАМЗА Динар (Қазоқистон)
2. КОНТИНИ Марсело (Бразилия)
3. КУРЖЕВ Уалӣ (Русия)
3. МОҲУЕЛДИН Муҳаммад (Миср)

81 кг
1. ОТГОНБААТАР Ууганбаатар (Муғулистон)
2. НЮАМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)
3. МОЛЛАЕӢ Сайид (Эрон)
3. СЕМЕНОВ Станислав (Русия)

90 кг
1. ВЕР Габор (Маҷористон)
2. КУТЗЕРА Пиотр (Лаҳистон)
3. КАМИЛО Тиаго (Бразилия)
3. СИЕЧОМСКИ Патрик (Лаҳистон)

100 кг
1. МАҲҶОЕВ Ҷавод (Эрон)
2. ОМАРОВ Арсен (Русия)
3. АРМЕНТЕРОС Ҷос (Куба)
3. Д АРКО Винсенсо (Италия)

+100 кг
1. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷонн)
2. КАМБИЕВ Аслон (Русия)
3. ЕЛ ШАҲҲОБӢ Ислом (Миср)
3. ҶАБАЛЛА Файсал (Тунис)

Ёдовар мешавем, аз ин пеш паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо (Judo Grand-Prix Havana 2016), ки рӯзҳои 22-24 январ дар пойтахти Куба - шаҳри Ҳавана - баргузор шуда буд, аз медалҳо бенасиб монданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти пурнуфузи байнулмилалӣ чаҳор гуштигир - Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён,Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов -намояндагӣ карданд. Вале ҳар чор паҳлавони тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Бояд гуфт, ки гуштигирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош мекунанд. Дар ҳоли ҳозир имтиёзҳои ба даст овардаи Комроншоҳи Устопириён ва мавқеаш дар раддабандии ҷаҳониву олимпӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиада гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG