Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон фурӯшандаҳои мағозаҳое, ки ба тиҷорати машрубот машғуланд, вазифадоранд аз харидороне, ки чеҳраашон ҷавонтар аз 20 сол менамояд, шиноснома талаб кунанд. Чунин муқарраротро вазорати тандурустии Узбакистон таҳия кардааст.

Ин вазоратхона фурӯшандаҳоро вазифадор кардааст ба нафароне, ки ҷавонтар аз 20-сола ҳастанду бо худ шиноснома надоранд, машрубот нафурӯшанд.

Ба ҷуз аз ин, дар Узбакистон фурӯши машрубот ва маҳсулот аз тамоку тавассути таҷҳизоти фурӯшӣ манъ шуд. Намояндагони вазорати тандурустии Узбакистон иддао доранд, ки ин тадбирҳо ба манзури ҳимояти ҷавонон аз истеъмоли машрубот ва сигоркашӣ роҳандозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG