Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамот: Дар сӯхтори Урал тоҷикҳо осеб надиданд


Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегуяд, духтарчае, ки ҳангоми сӯхтор дар шаҳраки Розаи минтақаи Урали Ҷанубии Русия ҷон бохтааст, на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Узбакистон будааст. Иброҳим Аҳмадов, намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 15 феврал хабарҳои расонаҳои Русия дар мавриди марги духтарчаи 7-солаи тоҷик дар сӯхтори шаҳраки Розаи Уралро рад кард ва гуфт, духтари 7-солае ки ҷон бохтааст, шаҳрванди Узбакистон мебошад. Ба гуфтаи вай, намояндагӣ баъди нашри ин хабар дар расонаҳои Русия, аз пайи таҳқиқи ҳодиса шуд ва маълум гардид, ки ин духтарча шаҳрванди Узбакистон будааст. Тавре расонаҳои Русия хабар доданд, ин сӯхтор даряк бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Декабристҳо рух додааст ва духтарчаи тоҷик ҷон бохта, модару бародари панҷсолааш дар бемористон бистарӣ шудаанд

XS
SM
MD
LG