Пайвандҳои дастрасӣ

"Бӯҳрон дар Русия паси сар нашудааст"


Бахши умдаи содироти Русияро маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад

Бахши умдаи содироти Русияро маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад

Муовини собиқи раиси Бонки марказии Русия мегӯд, доманаи бӯҳрони иқтисодии Русия густардатар аз он аст, ки Маскав расман эътироф мекунад.

Як мақоми пешини Бонки марказии Русия мегӯяд, доманаи бӯҳрони иқтисодии Русия густардатар аз он аст, ки Маскав эътироф мекунад ва хушбиниҳои Кремл дар бораи дурнамои ин бӯҳрон ба воқеият дуруст намеояд. Сергей Алексашенко, муовини пешини раиси Бонки марказии Русия дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, иқтисоди Русия дар ҳоли рушд нест ва дар ояндаи наздик дурнамои он дар сатҳи миёна хоҳад буд.

Ба қавли ӯ, мақомоти Русия сабабҳои бӯҳронро эътироф намекунанд ва онро ҳадди ақал ба мардум ошкор намегӯянд. "Он гуна ки Кохи Кремл иддао дорад, бӯҳрон паси сар нашудааст. Баръакс, поин рафтани сатҳи иқтисоди Русия идома меёбад," - афзуд ӯ.

Иқтисоди Русия аз поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ зарба дид. Кишварҳои ғарбӣ дар ивази ғайриқонунӣ пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия бар зидди ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

Алексашенко мегӯяд, ки Русия баъзе равандҳои манфиро аз сар мегузаронад ва тахмин мезанад, ки даромади нохолиси миллии Русия дар соли 2015 нӯҳ дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо Оҷонсии омори Русия мегӯяд, ки ин даромад танҳо 3,7 дарсад поин рафтааст. Алексашенко мегӯяд, ки рақамҳои расмӣ бозтоби мушкилоти воқеӣ нест.

Ӯ афзуд, "агар мо рақамҳоро ба таҳлилу баррасӣ бигирем, дурӯғҳо ошкор мешаванд ва ягона унсуре, ки дар даромади нохилиси миллӣ рушдро нишон медиҳад, содироти Русия будааст. Соҳаҳои дигар, аз ҷумла сармоягузорӣ поин рафтааст."

Содироти Русия дар соли 2015 барои он рушдро нишон медиҳад, ки воридот коҳиш ёфтааст ва арзиши рубл поин рафтааст, Кремл воридоти маводи ғизоӣ ва соири маҳсулотро аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мамнуъ эълон кардааст. Бо вуҷуди ин, Сергей Алексашенко бар ин ақида аст, ки содироти Русия дар маҷмӯъ афзоиш наёфтааст. Мушкиле, ки иқтисоди Русия ба он рӯ ба рӯ шудааст, набуди сармоягузорӣ, таварруми пул ва поин рафтани арзиши рубл мебошад. Аз аввали соли 2014 то ҳол рубл дар баробари доллар нисфи арзиши худро гум кардааст.

Путин дар давоми ду соли охир бо густариши муносибот бо кишварҳои ҳавзаи Осиёву уқёнуси Ором талош кард, то нуфузи Русияро дар Осиё афзоиш диҳад ва ба ин хотир хостори ҳамкориҳои бештари қаламравҳои шарқии Русия бо ин кишварҳо шуд. Чунин равиш метавонад Русияро ба таъминкунандаи аслии нафту газ, маъданҳои оҳану фулод ва маводи хоми дигар ба Чину кишварҳои дигари Осиё табдил диҳад.

Вале Алексашенко мегӯяд, ки гуфтаҳои Кремл рушди Русияро таъмин намекунад, зеро аз ҳимояти бозори воқеӣ бархӯрдор нест. “Мо ба бозори Чин таъсир расонда наметавонем ва Аврупоро бо Чин наметавон иваз кард. Масалан, манобеи газ дар манотиқи мухталиф ҷой гирифтаанд ва барои васл кардани он бештар аз 2 ҳазор километр бояд лула бурд. Гузашта аз ин 80 дарсади содироти Русияро маводи хом ташкил медиҳад”.

Алексашенко мегӯяд, албатта Русия метавонад ба содироти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ такя кунад, вале он дар маҷмуъ танҳо 5 дарсади содироти Русияро ташкил медиҳад. Русия талош дорад мошинҳои худро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад, вале он ҳам танҳо ду дарсади содироташ аст.

Бахши кишоварзии Русия танҳо бахше аз иқтисоди Русия аст, ки аз соли 2003 то ҳол афзриши давомдорро нишон медиҳад. Ҳар сол ба ҳисоби миёна ин бахш 3 дарсад рушд мекунад ва 3 дарсади афзоиши даромади маҷмуи маҳсулоти дохилиро низ ҳамин бахш ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Алексашенко, бо вуҷуди чунин вазъ таҳримҳои байналмилалӣ дигар дар бад шудани иқтисоди Русия нақши қотеъ бозӣ намекунад ва ба сиёсатҳои Кохи Кремл низ таъсир намегузорад.

Алексашенко дар давраи раёсати ҷумҳурии Борис Елтсин муовини раиси Бонки марказии Русия ва муовини вазири молияи ин кишвар буд ва ҳоло корманди калон дар умури иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушд дар пажуҳишгоҳи Брукинги Вашингтон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG