Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путину Обама Сурияву Украинаро баррасӣ карданд


Путин ва Обама, акс аз бойгонӣ

Путин ва Обама, акс аз бойгонӣ

Владимир Путин ва Барак Обама-раисони ҷумҳури Русия ва Амрико ризоят доданд, ки талошҳои дипломатиро бештар мекунанд, то шиддати муноқиша дар Сурия камтар шавад. Дар ин бора дар аввали ҳафта дар Мюнхен тавофуқ ба даст омадааст.

Бино ба изҳороти мунташираи Кохи Кремли Маскав, ин ду раҳбар 14 феврал телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ кардаанд. Дар изҳорот омадааст, Путин ҳамчунин ба Обама пешниҳод кардааст, ки барои мубориза бо тероризми сартосарӣ ҷабҳаи муттаҳидаи байналмиллалӣ ташкил шавад.

Бино ба гузоришҳо, Путин гуфтааст, ки байни мақомоти низомии Русия ва Амрико тамосҳои наздик эҷод шавад, то мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ комёбтар бошад.

Путин изҳори умед кардааст, ки раҳбарони Украина “ба зудӣ уҳдадориҳои худро” тибқи созишномаи оташбаси Минск иҷро кунанд, то муноқишаи миёни Киев ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ҳал шавад.

Кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунад ва вазъи амниятӣ дар Сурия бадтар мешавад.

XS
SM
MD
LG