Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп ва Ҷеб Буш аз якдигар интиқод карданд


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Ширкаткунандагони маъракаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ миллиардер Доналд Трамп ва Ҷеб Буш-раиси пешини аёлати Флорида дар ҷараёни мунозираҳои телевизионӣ рӯзи шанбе бар зидди якдигар изҳороти шадидуллаҳн доданд.

Трамп, ки яке аз рақибони аслии мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, аз ҷумла бародари Ҷеб Буш-раиси ҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Бушро барои таҷовуз ба Ироқ дар соли 2003 мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Ба гуфтаи Трамп, бародари Ҷеб Буш итибоҳ кард ва ҳукумати вай дурӯғ гуфт, ки дар Ироқ аслиҳаи куштори ҷамъӣ вуҷуд дорад ва он сабаби оғози амалиёт дар Ироқ шуд.

Дар ҷавоб Ҷеб Буш низ Доналд Трампро ба боди интиқод гирифт, ки раиси ҷумҳури кунунии Русияро ситоиш мекунад. Ба ақидаи Ҷеб Буш, Владимир Путин барои нооромиҳои бештар дар Сурия замина гузоштааст. Путин дар бораи оғози амалиёт дар Сурия дастур содир кардааст ва ҳадафаш ҳимоят аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мебошад. Вале Вашингтон истеъфои Асадро шарти зарурии ҳали муноқишаи чандсолаи Сурия медонад.

XS
SM
MD
LG