Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Кофӣ Аннон аз раҳбарони африқоӣ


Кофӣ Аннон
Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон-Дабири кулли пешини СММ аз раҳбарони Африқо хост, ки дар бораи худ камтар, вале дар бораи мардум бештар фикр кунанд. Аннон дипломат аз кишвари Ғано, ки пеш аз Бан Ки Мун раҳбарии СММ-ро бар уҳда дошт, ин нуктаро 14 феврал дар рӯзи охири конфронси амниятӣ дар Мюнхени Олмон изҳор дошт.

Вай гуфт, миёни мардуми сарватманду нодор, миёни афроди қаввӣ ва заиф дар Африқо холигоҳ зиёд шудааст ва чунин нобаробарӣ ба амният таҳдид мекунад.

Аннон афзуд: “Агар ҷавонон ба оянда бовар надошта бошанд, онҳо ба роҳи дигар мераванд”, онҳоро гурӯҳҳои тундрав ба худ ҷалб мекунанд ва ё ба ҷиноят даст мезананд.

Кишварҳои африқоии Сомалӣ ва Малӣ домангири ҳамлаҳои тундравҳо шудаанд. Африқо ҳамчунин манбаи аслии паноҳҷӯён ва муҳоҷирон аст, ки ба Аврупо рӯ овардаанд.

Кофӣ Аннон гуфт, баъзе раҳбарони кишварҳои Африқоӣ барои ҳифзи қудрат дар дасти худ ба “бозиҳои интихоботӣ” такя мекунанд ва бештар барои ҳифзи “мақом”-и худ талош мекунанд, на барои ғамхорӣ дар ҳақи мардум.

XS
SM
MD
LG