Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия мавқеъи курдҳоро дар Сурия гулӯлаборон кард


Аҳмад Давлатоглу

Аҳмад Давлатоглу

Манобеъи давлати Туркия хабари оғози амалиёти неруҳои мусаллаҳи ин кишвар алайҳи ҷангиёни курдро тасдиқ кард.

Тӯпҳои Туркия пойгоҳи ҳавоии Миннаҳ ва деҳаҳои атрофи онро, ки таҳти назорати гурӯҳҳои курд қарор доранд, гулӯлаборон кардааст. Маркази назорат ба ҳуқуқи башари Сурия низ, ки маққараш дар хориҷ аст, ин иттилоро таъйид кард. Аҳмад Давлатоглу, нахуствазири Туркия дар ҳамоиши ҳизби ҳокими "Оқ партӣ" аз оғози амалиёт алайҳи гурӯҳҳои курд дар Сурия хабар додааст.

Қабл аз оғози ин аалиёт ҷаноби Давлатоглу гуфта буд, Туркия барои анҷоми амалиёт алайҳи курдҳо дар манотиқи шимоли Сурия омода мегирад. Ҳарчанд ӯ аз имкони роҳандозии амалиёти заминӣ суҳбат накард, аммо таъкид дошт, ки мавқеъи гурӯҳҳои мусаллаҳи курд бомбаборон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи 13 феврал Арабистони Саудӣ ба интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангиаш ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Инжерлики Туркия шурӯъ кардааст. Дар ин бора Мавлуд Чавушоглу, вазири хориҷаи Туркия дар дохили ҳавопаймо ба ҳангоми бозгашт аз Мюнхен ба Анқара ба хабарнигорон иттило додааст. Ҷаноби Чавушоглу, ки аз конференсияи Мюнхен ба ватан бозмегашт, ба "имкони шурӯъи амалиёти заминӣ алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ишора кардааст.

XS
SM
MD
LG