Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ветнам


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ветнам бо ҳисоби1:8 шикаст хӯрда ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тошканд аз тими миллии Ветнам бо ҳисоби бузурги 1:8 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи «С», ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Узбакистон баргузор шуд, шаби шанбеи 13-уми феврал ба поён расид.Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба ҳадаф расонд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Ветнам чунин буд: 1.Фирӯз Бекмуродов, 4.Собир Гуляков, 10.Мансур Мамедбобоев (капитан), 11.Меҳрубони Тиллозода. 14.Дилшод Саломов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 2.Муродулло Алиқулов, 3.Фирӯз Юсуфзода, 5.Раҳмоналӣ Шарифов, 7.Муҳаммад Раҳмонов, 8.Арсен Фармонбеков, 9.Файзалӣ Сардоров, 12.Акбар Ортуқов, 13.Шавкат Ҳалимов.

Сармураббӣ: Ҳусейн Шодиев.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 13 феврал мунтахаби Тайланд дастаи Тайванро бо ҳисоби 7-2 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 11 феврал аз тими Тайланд бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуда буд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ветнам

2

2

0

0

13-5

6

2

Тайланд

2

2

0

0

12-6

6

3

Тайван

2

0

0

2

6-12

0

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

5-13

0

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирини гурӯҳи “С” шаби душанбеи 15 феврал дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд бо дастаи Тайван бозӣ мекунад.Вале сарфи назар аз натиҷаи ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Тайван аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол аз гурӯҳи “А” Узбакистон, аз гурӯҳи “В” Эрон ва Ироқ, аз гурӯҳи “С” Ветнам ва Тайланд ва аз гурӯҳи “D” Ҷопон ва Австралия пешакӣ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаи ҳаштуми даври чаҳорякниҳоӣ шаби якшанбеи 14 феврал дар бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Узбакистон – Лубнон ва Қирғизистон – Арабистони Саудӣ маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: АрабистониСаудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

Ироқ – Чин – 6:1

Лубнон – Қирғизистон -4:4

Урдун – Эрон – 0:6

Узбакистон – АрабистониСаудӣ -5:2

11 феврал (панҷшанбе)

Тайланд – Тоҷикистон – 5:4

Ҷопон – Қатар - 1:0

Ветнам – Тайван – 5:4

Австралия – Малайзия – 2:1

12 феврал (ҷумъа)

Чин – Эрон - 0:7

АрабистониСаудӣ – Лубнон -3:3

Урдун – Ироқ - 3:4

Қирғизистон – Узбакистон– 1:2

13 феврал (шанбе)

Тайван – Тайланд – 2:7

Малайзия – Ҷопон – 1:11

Тоҷикистон – Ветнам – 1:8

Қатар – Австралия– 2:5

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – АрабистониСаудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои чорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф бароиҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG