Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Ғарб аз бомбаборонҳои Русия дар Сурия


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар конфронси Мюнхен

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар конфронси Мюнхен

Бо вуҷуди фишорҳои Ғарб, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш ба бомбаборони мавзеъҳои ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурия идома хоҳад дод.

Русия дар конфронси муътабари Мюнхени Олмон барои рафтораш дар шарқи Украина ва маъракаи бомбаборонҳо дар Сурия аз тарафи раҳбарони Ғарб мавриди интиқод қарор гирифт. Ҳатто паймони НАТО аз Маскав интиқод кард, ки Русия аз “тавоноии ҳастаии худ” суханоне ба забон меорад.

Мануэл Воллз, нахуствазири Фаронса, ҳангоми суханронии худ дар конфронси амниятии Мюнхен рӯзи 13 феврал гуфт, ки Русия бояд ба бомбаборон кардани мардуми осоишта дар Сурия хотима диҳад ва роҳро барои музокирот ва таъмини сулҳ ҳамвор созад.

Воллз баъди Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар ин конфронс суханронӣ кард ва гуфт, Фаронса ба Русия ва манофеи он эҳтиром дорад, вале дар Сурия “мо ба сулҳ ниёз дорем, ба музокирот ниёз дорем ва барои он бояд бомбаборон кардани мардуми осоиштаро хотима диҳем.”

Қудратҳои ҷаҳонӣ дар Мюнхен ба тавофуқ расиданд, ки ҳафтаи ҷорӣ рақобат дар Сурияро қатъ кунанд, вале Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки Русия бомбаборон кардани ҳадафҳои тундравҳои “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундравро, ки ба созишнома дохил намешаванд, идома медиҳад. Маскав мегӯяд, ки ин гурӯҳҳо ҳадафи аслии ҳамлаҳои ҳавоии Русия қарор мегиранд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфта буд, вале кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия гурӯҳҳоеро мезанад, ки онҳо мухолифони ҳукумати Сурия ҳастанд.

Аз идомаи бомбаборонҳои Русия чанд нафар аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Ховари Миёна изҳори нигаронӣ карданд ва гуфтанд, ки чунин равиш имкони пешрафт дар роҳи қатъи ҷанги панҷсола дар Сурияро боз медорад.

Франк Волтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, низ 12 феврал дар ҳаққи Русия дар маросими ифтитоҳи ин конфронс суханони сахт гуфт. Вай таъкид кард, ки баъд аз забти Қрим аз сӯи Русия ва ҳимояти Маскав аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина “масъалаи ҷангу сулҳ дубора ба қитъаи Аврупо баргаштааст”.

Ӯ аз Русия мушаххас ном набурд, вале изҳор дошт, ки баъд аз хатми ҷанги сард ва поён ёфтани қарни хушунатбори 20 “мо фикр мекардем, ки сулҳ ба қитъаи Аврупо барои хубӣ баргаштааст ва масъалаи марзҳо зери суол нахоҳад рафт”. Франк Волтер Штайнмайер гуфт, аммо дар як гӯшаи шарқии Аврупо ошуфтагӣ идома дорад ва он яке аз чолишҳое ҳаст, ки Иттиҳодияи Аврупо ба он рӯ ба рӯ шудааст.

Ҷенс Столтенберг, дабири кулли паймони НАТО дар идомаи суханони Штайнмайер гуфт, “қобили қабул аст, ки Русия Аврупоро ноором мекунад” ва Маскав тавоноии ҳастаии худро ба ёд меорад ва ба ин таритиб ҳамсоягонашро метарсонад ва бовариро аз даст медиҳад.

Столтенберг ҳам дар конфронси Мюнхен иштирок дошт ва гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия рақобат кунад ва ё хостори “ҷанги сарди нав” нест, вале ҷавоби НАТО бояд ҷиддӣ бошад. Ӯ гуфт, “НАТО барои таҳқими тадобири амниятӣ дар қисматҳои шарқии худ тасмим мегирад ва ҳадафи он доман задани ҷанг нест, балки пешгирӣ аз ҷанг аст”.

Дабири кулли НАТО гуфт, вай интизор аст, ки тадобири баъдии амниятӣ дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО моҳи июл дар Варшава баррасӣ шавад. Вай даъват кард, ки “тадобири бештар”-и амниятӣ андешида шавад ва бо Русия “бештар музокира” анҷом бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG