Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Туркманистон газ намехарад


Виктор Зубков
Виктор Зубков

Виктор Зубков-раиси Шӯрои мудирони ширкати “Газпром”-и Русия хабар додааст, ки дар шароити кунунии вазъи иқтисодӣ Русия наметавонад аз Туркманистон газ харидорӣ кунад.

Рӯзноманигорон аз Виктор Зубков пурсиданд, оё Русия омода аст аз Туркманистон газ бигирад? Вай дар посух гуфт, “дар шароити кунунӣ чӣ гуна метавон дар бораи харидории газ аз туркманҳо сӯҳбат кард? На, имкон надорад”.

Ба суоли дуввум дар ин бора, ки оё қарордоди Русия ва Туркманистон дар бораи харидории газ бекор шудааст”, Зубков гуфт, “бояд бубинем, ман ҳоло омода нестам ба ин суол ҷавоб диҳам”.

То ҳол Русия гази Туркманистонро мегирифт ва онро ба кишварҳои аврупоӣ мефурӯхт, вале акнун таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ин кишварро дар фурӯши гази худ ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG