Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ата Мекен": Аввал ЗАГС баъд никоҳи мусулмонӣ


Аида Салянова

Аида Салянова

Ҷиноҳи порламонии "Ата-Мекен"-и Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бидуни сабти номи навхонадорон дар идораҳои расмии давлатӣ, яъне ЗАГС онҳоро муллоҳо ақди никоҳ накунанд. Дар ин бора намояндаи ҷиноҳи ин ҳизб дар порламон ба матбуот хабар додааст.

Аида Салянова-Додситони кулли пешини Қирғизистон пешнависи тағиротро дар Кодекси оила ва ҷиноии ин кишвар дар ҷаласаи ҷиноҳи мазкур пешниҳод кардааст.

Дар ин пешнавис гуфта мешавад, ки агар муллое пеш аз ақди никоҳи расмӣ навхонадоронро никоҳ кунад, ба муҷозот кашонда мешавад.

Салянова мегӯяд, ҳадафи ин тағирот ҳимоят аз ҳуқуқи занонест, ки барвақт бидуни ақди расмии никоҳ арӯсӣ мекунанд, вале дар сурати талоқ наметавонанд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд.

Дар ин ҷаласа хотирнишон шудааст, ки ҳоло дар Қирғизистон 34 дарсади кӯдакон баъд аз никоҳҳои мусулмонӣ ба дунё омадаанд, вале падару модари онҳо ақди расмии никоҳ надоранд.

XS
SM
MD
LG