Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳсил дар хориҷи Тоҷикистон дигар "престиж" нест?


Шавкатшо Раҳматуллоев

Шавкатшо Раҳматуллоев

Афзоиши теъдоди фориғуттаҳсилони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон то ҳадде боло рафтааст, ки барои як ҷойи корӣ дар созмонҳои хориҷӣ ҳатто то 150 нафар довталаб рост меояд.

Ёқуби Саид

Афзоиши шумори забондонҳо ва таҳсилкардаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон то ҳадде боло рафтааст, ки барои як ҷойи корӣ дар созмонҳои хориҷӣ то 150 нафар довталаб рост меояд. Таҳсилдидаҳои кишварҳои хориҷ, ки то чанд соли пеш соҳиби имтиёз ва ё авлавият буданд, акнун ҷойи кор пайдо намекунанд ва намедонанд дониши худро дар куҷо кор баранд?

Шавкатшо Раҳматуллоев, як ҷавони тоҷик ахиран дар озмуне барои ишғоли ҷойи кор дар як созмони байналмилалии муқими Душанбе ҳуҷҷат супоридааст. Вай на аз шартҳои озмун, балки аз теъдод ва шахсияти "рақибонаш" ваҳшатзада шудааст. "Хатмкардаҳои донишгоҳҳои Амрико, Аврупо, Малайзия барои ҳамин як курсӣ довталаб шуда буданд. Баъдтар масъулони созмон ба ман гуфтанд, ки шумори довталабон наздик ба 150 нафар будааст," - мегӯяд Шавкатшо.

Ҳанӯз натиҷаҳои озмун ҷамъбаст ва ғолиб муайян нашудааст, аммо Шавкатшо ба пирӯз шуданаш умед надорад. Бо вуҷуди ин ки вай бар иловаи забони модариаш, ба забонҳои русиву англисӣ ва арабӣ тасаллут дорад ва ҳам вазифаи эълоншуда – робита бо ҷомеа – барояш наздикӣ дорад, аммо дар баробари довталабони билқувва шонсаш хеле кам аст, мегӯяд Шавкатшо.

Барои созмонҳои хориҷӣ ҳам, ки пештар забондонӣ шарти асосии ба кор пазируфтан унвон мешуд, ҳоло донистани англисӣ ва русӣ дигар кифоят намекунад. Имтиёз ё авлавияте, ки таҳсилкардаҳои хориҷ соҳиб буданд ва бештар онҳо курсиҳои “серпули” намояндагиҳои созмонҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон соҳиб мешуданд.

Нодир Аминзода

Нодир Аминзода

Нодир Аминзода, масъули ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки ин созмон ду ҳафтаи пеш барои ишғоли як мансаб озмун эълон кардааст, мегӯяд, интихоби корманд барояшон хеле душвор шудааст. "То рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳо 70 нафар довталаб шуд. Баъди ба охир расидани муҳлат низ қариб 30 ҳуҷҷати дигар ворид гардид. Кадрҳое ҳастанд, ки шумо дар тааҷҷуб мемонед: унвонҳои илмӣ доранд, донишгоҳҳои Бритониёву Амрикоро хатм кардаанд. Афсӯс, ки мо наметавонем ҳамаи онҳоро ба кор бигирем," - мегӯяд Аминзода.

Вале дар панҷ соли пеш, ба гуфтаи Аминзода, барои як курсӣ ҳамагӣ 10-15 нафар довталаб пайдо мешуд. Шурӯъ аз ду сол ин ҷониб теъдоди довталабон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар созмонҳои хориҷӣ якбора боло рафтааст.

Президенти Тоҷикистон на як бору ду бор аз ҷавонон даъват кардааст, ки забон биомӯзанд. Дар охирин паёмаш, 23 январи имсол вай гуфт: "...ҷавонҳо бояд забонҳои русию англисиро мисли забони модарияшон аз худ кунанд. Он замон рушди давлат даҳчанд зиёд мешавад. Давлатро мутахассисон обод мекунанд."

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе низ дар ҳамин шабу рӯзҳои соли 2012 барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар ҳукумати пойтахт озмун эълон кард ва гуфт, ба кадрҳои шӯравӣ ва таҳсилкардаҳои хориҷ авлавият медиҳад. Ин гуна эълонҳои шаҳрдорӣ Душанбе солҳои дигар низ такрор шуда буд.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, аз як сӯ чунин эълонҳо бештари ҷавононро таҳрик медиҳанд, ки барои таҳсил озими кишварҳои хориҷ шаванд ва аз сӯи дигар таҳсили бо сифат дар хориҷ ҷавононро ҷалб кардааст, ки акнун теъдоди ин афрод хеле зиёд шудааст.

Гулҷаҳон Ҳамроҳзода

Гулҷаҳон Ҳамроҳзода

Гулҷаҳон Ҳамроҳзода, яке аз ҷавононест, ки таҳсил дар донишгоҳи дохили кишварро қатъ карда, аз пайи имконияти таҳсил дар Аврупо рафтааст. Вай мегӯяд, соли 2013 яке аз донишгоҳҳои Аврупоро хатм кард ва ба ватан баргашт. Гулҷаҳон 2,5 сол дар ҷустуҷӯи кор буд.

“Дар ин муддат ба 40 озмун ҳуҷҷат пешниҳод кардам. Билохира баъди интизориҳо ва талошҳои зиёд дар як созмони хориҷӣ дар Душанбе ба кор пазируфта шудам. Шартҳои озмун хеле сангин буданд. Шумо бояд якбора бо 3 забон ба саволҳо посух мегуфтед: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Болои ин, ихтисоси шумо ҳам хеле эътибор дошт. Нафарони зиёдеро медонистам, ки довталаб буданд, вале ман гузаштам, чунки “бояд” мегузаштам, зеро аллакай дар 40 озмун ширкат карда будам”, - мегӯяд Гулҷаҳон.

Гулҷаҳон ба онҳое, ки дар хориҷ таҳсил доранд, машварат медиҳад, ки бо даст додани имконият ҳамон ҷо боқӣ монанд. Ҳарчанд вай мегӯяд, кишварҳои хориҷ мутахассисони худро доранд, вале сарфи назар аз ин онҷо имконият бештар аст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон даъво дорад, ки ҳамаи кадрҳое, ки тавассути бурсияҳои вазорат барои таҳсил ба хориҷ мераванд, ба маҳзи баргаштан ба кишвар соҳиби ҷойи кор мешаванд. Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм мегӯяд, феълан шумори дақиқи донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷро дар даст надоранд, аммо онҳоеро, ки вазорат мефиристад, танҳо бо дархост ва талаботи ниҳодҳои давлатӣ мефиристад.

“Ҳамин вазоратҳову идораҳо таҳсилкардаҳои хориҷро ба кор мепазиранд”, - гуфт ҷаноби Шодиев.

Онҳое ки бо хоҳиши худ ба хориҷ мераванд ва шартномавӣ таҳсил мекунанд, вазорати маориф масъули бо кор таъмин кардани онҳо нест, мегӯяд ин масъули вазорат.

Аммо на ҳамаи таҳсилкардаҳои хориҷ дар “кӯча мондаанд”. Мижгона Пӯлодӣ, ҷавони дигари тоҷик, ки дар соли 2013 яке аз донишгоҳҳои Кипрро бо ихтисоси Мудирияти тиҷорат хатм кардааст, ба маҳзи баргаштан ба Душанбе мунтазири озмунҳо ва пешниҳодҳои ҷойи корӣ нашуда, барои худ коргоҳ таъсис додааст.

“Ман намояндагии донишгоҳамро дар Душанбе таъсис додам. Дар ин се сол чанди нафари дигарро барои таҳсил ба он донишгоҳ фиристодам. Наметавон гуфт, ки таҳсил дар хориҷ дигар “престиж” нест. Ҳоло ҳам авлавият ва имтиёзҳои худро дорад”, - мегӯяд Мижгона.

Шавкатшо Раҳматуллоев ҳам, ки ҳоло хотирашро аз пирӯзӣ дар озмуни охир ҷамъ кардааст, мегӯяд, таҳсил дар хориҷ агарчӣ барояш имтиёз ва авлавияти зиёде ба бор наовард, вале ҷаҳонбиниашро васеъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG