Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба мухолифон ҳаққи ширкат дар интихоботро доданд


Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ (ҲУСД) барои ширкат дар интихоботи порлумониро сабти ном кард.

ҲУСД, ки танҳо ҳизби воқеан мухолифи Қазоқистон дониста мешавад, дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонии 20 март ширкат мекунад. Ин ҳизб рақиби ҳизби “Нур Отан”-и президент Нурсултон Назарбоев ва бархе аз ҳизбҳои дигари ҳукуматӣ хоҳад шуд.

Назарбоев, ки аз соли 1989 раҳбарии Қазоқистонро дар даст дорад, рӯзи 20 январ маҷлиси поёнии порлумонро пароканда интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон кард.

Ҳеҷ яке аз интихоботҳои қаблӣ дар Қазоқистон аз сӯйи нозирони ғарбӣ озод ва одилона дониста нашудааст. Шубҳае нест, ки “Нур Отан” ин даъфа низ назорати порлумоне, ки дар он нишоне аз мухолифон дар тӯли солҳои тӯлонӣ вуҷуд надошт, нигаҳ медорад. Ба рӯйхати “Нур Отан” Дариға, духтари калонии Назарбоев, ки ҳоло муовини нахуствазир аст ва чанд чеҳраҳои саршиноси ҳунару варзиш шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG