Пайвандҳои дастрасӣ

Айбдории 12 сокини Фарғона дар иртибот бо ДИ


12 сокини шаҳракҳои Тӯл, Қалъача ва Ғазнови ноҳияи Сӯх баъд аз бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия тӯли ҳафтаҳои гузашта боздошт шудаанд. Дар идораи пулиси вилоятӣ то ҳол боздошти муҳоҷиронро шарҳ намедиҳанд.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ бо истинод ба ҳомии маҳаллии ҳуқуқи инсон имрӯз хабар медиҳад, ки боздоштшудагон дар бозпурсиҳо ба айби худ эътироф кардаанд. Ба иттилои таҳқиқот, айбдоршавандаҳо, ки 26 сола мебошанд, дар қаламрави Русия таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ афтодаанд.

Дар Ӯзбекистон ҳолатҳои боздошт ва бозпурсии муҳоҷирони меҳнатӣ бештар шудааст. Ба иттилои ҳомиёни маҳаллии ҳуқуқи инсон, дар моҳҳои октябр ва ноябр дар вилояти Тошканд бо гумони иртибот бо ДИ беш аз 200 муҳоҷири меҳнатии аз Русия баргашта боздошт шуданд. Дар моҳи декабр дар вилояти Фарғона гурӯҳи мардони аз 18 то 30 сола бо айби ифротгароӣ ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шуданд.

12 сокини вилояти Фарғона дар иртибот бо ДИ айбдор мешаванд

XS
SM
MD
LG