Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаси Сурия бояд 1 март шурӯъ шавад


Ҳомиёни Сурия, иборат аз 17 давлат, намояндагони СММ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои абарқудрати арабӣ дар бораи роҳандозии оташбас дар ин кишвар ба созиш расиданд. Гурӯҳи ҳимоят аз Сурия ба созиш расид, ки оташбас дар ин кишвар баъд аз як ҳафта шурӯъ шавад.

Дар ин бора шаби панҷшанбе ба ҷумъа котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар Мюнхен хабар дод. Вай тӯли беш аз панҷ соат бо ҳамтоёнаш аз Русия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар гуфтугӯ дошт.

Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА, ҳамчунин дар бораи тақвияти раванд ва бештар кардани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба садҳо ҳазор сокини Сурия, ки дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ ё мухолифон мондаанд, созиш ҳосил шудааст. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, гурӯҳи корӣ ба раҳбарии ИМА ва Русия дар тӯли як ҳафта мушаххасоти қарордоди оташбасро ҳамоҳанг мекунад.

Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ки онро расонаҳои амрикоӣ иқтибос овардаанд, таъхири иҷрои қарордоди оташбас ба нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки аз сӯйи Русия пуштибонӣ мешаванд, шароит фароҳам меорад, то ҳамлаҳои худ ба мавзеъҳои шуришиёнро бештар кунанд.

Вашингтон талаб дошт, ки ин қарордод фавран мавриди иҷро қарор гирад, аммо Москва даъво дошт, ки оғози оташбас ба 1 март гузошта шавад.

Иҷрои қарордоди оташбас аз талошҳои гурӯҳи ҳимоят аз Сурия вобаста аст. Онҳо вазифадоранд иҷрои ин қарордодро аз ҳамаи ҷонибҳои даргир талаб ва таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG