Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки марказии Русия сиёсати тақвияти рублро дигаргуна шарҳ дод


Бонки марказии Русия хулосаҳои як гузоришро рад кард, ки гуфтааст, ин сохтор аз беқурбшавии рубл пуштибонӣ мекунад, то ки барои ҳукумат дар рафъи халои дефисити буҷа кӯмак шавад. Рубли заъиф метавонад барои тақвияти хазинаи давлат мусоидат кунад, ба он хотир, ки фоида аз фурӯши нафт бо доллар ворид мешавад. Оҷонсии Ройтерс хабар дод, ки Кремлин мехоҳад стратегияи беқурбшавии бештари пули миллиро ба кор барад, то ки шиддати дар масъалаи коҳиши хароҷот ва афзоиши молиёт баамаломадаро кам кунад. Дар ин хабар гуфта мешуд, ки ҳукумат дар амалишавии ин стратегия ба Бонки марказӣ умед мебандад. Раиси ин бонк Элвира Набиуллина ин гузоришро як “сафсатта” хондааст. Вай гуфт, ки ҳама гуна бозӣ бо асъор ба хотири буҷа “паёмадҳои ҷиддии манфӣ” хоҳад дошт. Набиуллина гуфт, ки Бонки марказӣ дуруст баръакси он чиро, ки хабаргузорӣ гуфтааст, ба роҳ монданӣ аст, яъне фоизи қарзҳои бонкиро ба хотири тақвияти рубл боло бурда, бо ин роҳ фишори таваррумро ҳам коҳиш хоҳад дод. Қурби доллари амрикоӣ рӯзи 11 феврал ба 80 рублу 64 тин ва дар баробари евро – 91 рублу 48 тин ташкил дод. Набиуллина гуфт, ки агар хатари таваррум боз ҳам бештар шавад, аз эҳтимол дур нест, ки қоидаҳо шадидтар шаванд.

XS
SM
MD
LG