Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи "Тоҷик Эйр" ба "Тоҷиксуғурта"


Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” сабаби бима накардани мусофиронаш дар корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-ро шарҳ дод. Ин ширкат рӯзи 12 феврал бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, ки “Тоҷиксуғурта” полиси суғуртавӣ намедиҳад ва ин хилофи талаботи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ аст”. Ба таъкиди масъулони “Тоҷик Эйр, маҳз ба ҳамин далел “Тоҷиксуғурта”-ро созмонҳои байналмилалӣ эътироф намекунанд.

“Тоҷик Эйр” дар идома мегӯяд, ки барои иҷрои талаботи санадҳои байналмилалӣ ҳоло бо ташкилоти “Ориён Иншуренс” шартномаи суғурта ба имзо расондааст. Ин ширкати ҳавопаймоӣ дар идома пардохти 2 дарсади нархи билети мусофирони нақлиёти ҳавоӣ ба “Тоҷиксуғурта”-ро низ маблағситонии дубора донистааст.

Ин дар ҳолест, ки Аловиддин Мирзо - раиси “Тоҷиксуғурта” дар нишасти хабарии худ дар ҳафтаи гузашта гуфт, ки ширкати “Тоҷик Эйр” аз пардохти қарзаш саркашӣ мекунад ва дар соли 2015 ягон сомонӣ ба ҳисоби ин корхона нагузарондааст. Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон 25 миллион сомонӣ қарзи “Тоҷик Эйр” дар назди “Тоҷиксуғурта”-ро бекор карда буд, ки ба қавли масъулони корхона ба буҷаи онҳо ва корашон латма задааст.

XS
SM
MD
LG