Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: Ғарб аз Украина ислоҳотро интизор аст


акс аз декабри соли 2015
акс аз декабри соли 2015

Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден аз президенти Украина Петро Порошенко хост, ки ба зудтарин фурсат дубора як ҳукумати ваҳдати миллиро таъсис дода аз паи ислоҳоте шавад, ки Ғарб аз ӯ интизор дорад. Ба иттилои Кохи Сафед, дар сӯҳбати телефонии Байден ва Порошенко, ки шоми 11 феврал баргузор шуд, мақомдори амрикоӣ гуфт, аз ӯ иқдомоти сареъро дар амри рафъи бӯҳрони сиёсӣ дар Украина бахусус баъди истеъфои вазири иқтисоди ин кишвар Айварас Абрамовичус интизоранд. Абрамовичус пеш аз истеъфояш ба вуҷуди фасоду ришват дар дохили ҳукумати Украина ишора кард. Ин сӯҳбат баъди он анҷом шуд, ки Порошенко дар мулоқоташ бо раҳбари иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул - Кристин Лагардро мутақоид сохт, ки Украина ӯҳдадориҳояшро барои анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод фаромӯш накардааст. Лагард ҳушдор дод, ки дар сурати адами ислоҳот, барномаи қарзи Украина ба маблағи 17,5 миллиард доллар зери хатар меравад.

XS
SM
MD
LG