Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

54,5 миллион евро ёрии Олмон ба Тоҷикистон


Олмон бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ ба Тоҷикистон 54,5 миллион евро кумаки фаннӣ мерасонад. Бино ба гузориши хабаргзуории “Авесто”, созишномаи ҳамкориҳои молиявии Олмону Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон имзо шудааст. Манбаи “Авесто” мегӯяд, ин 54,5 миллион евро кумаки Олмон барои иҷрои барномаҳо дар соҳаҳои маориф, энержӣ, сохтмони мактабҳо ва рушди низоми қарздиҳии хурд дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, ҳамчунин барои эҳёи зербинои иҷтимоӣ дар ин кишвар сарф хоҳад шуд. Созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз тарафи Олмон сафири он кишвар дар Тоҷикистон Ҳолгер Грин имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG