Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбӣ


Рӯзи душанбеи 15 феврал дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино шурӯъ мешавад. Тибқи иттилои манобеъи ин додгоҳ, дар ин мурофиа Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, ба иттиҳомоти "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", муҳокима хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар додгоҳ парвандаи Шариф Раҳматови 21-сола, амаки Умедҷони Амрохон ва 4 тан аз хешовандони ӯ низ бо айбномаи "Огоҳ насохтани мақомот аз ҷиноят" баррасӣ мешавад.

Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калонТемурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.

Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG