Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО дар обҳои баҳри Эге гаштро оғоз мекунад


Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг

Паймони НАТО розӣ шудааст, ки назорат бар баҳри Эгеро бар уҳдаи худ бигирад ва аз қочоқи муҳоҷирон пешгирӣ намояд. Ҷенс Столтенберг-Дабири Кулли паймони НАТО 11 феврал ин хабарро бо дархости Олмону Юнон ва Туркия дар мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви паймони мазкур дар Бруссел эълон кард.

Столтенберг гуфт, ки киштиҳои паймони НАТО дар обҳои миёни Туркия ва Юнон ба шино машғул хоҳанд шуд ва муҳоҷиронро ба ақиб хоҳанд ронд.

Бино ба маълумоти ожонси паноҳҷӯёни СММ, тавассути обҳои ин баҳр то ҳол 75 ҳазор муҳоҷир вориди Юнон шудаанд. Созмони байналмиллалии муҳоҷират мегӯяд, 400 нафар ҳангоми талоши убур аз обҳои баҳри Миёназамин ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG