Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзонтарин бензини минтақа дар Қирғизистон


Медедбек Каримқулов-раҳбари анҷумани тоҷирони фаровардаҳои нафтии Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш ба бистгонаи кишварҳое дохил шудааст, ки нархи бензин дар онҳо хеле арзон аст.

Каримқулов ба рӯзноманигорон гуфтааст, сабаб ин аст, ки Қирғизистон аз Русия бидуни боҷ маводи сӯхт ворид мекунад. Ба гуфтаи вай, дар асоси раддабандии "Глобал пертол прайсиз" ё нархҳои ҷаҳонии бензин дар миёни 180 кишвар Қирғизистон дар зинаи 18 қарор гирифтааст.

Воридоти бидуни боҷи маводи сӯхт ба Қирғизистон имкон додааст, ки дар соли 2015 78,5 миллион ва дар соли 2014322 миллион доллар сарфаҷӯӣ кунад.

Поин рафтани нархи сӯхт дар Қирғизистон идома дорад ва дар панҷ соли охир соли ҷорӣ ин нархҳо ба поинтарин нуқтаи худ расидааст.

Ҳар сол Қирғизистон ба 1,2 миллион тон маводи сӯхт ниёз дорад ва ҳоло нархи бензини серхаридор 0,4 сетнро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG