Пайвандҳои дастрасӣ

Кашидани пои Садиков дар қазияи Шаҳбол


Шаҳбол Мирзоев

Шаҳбол Мирзоев

Додгоҳи олии Тоҷикистон мехоҳад, ки ба чанд суолаш дар бораи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонӣ, аз Фирдавс Садиков - табиби бемористони ба номи Вишневскийи Русия посух бигирад. Фирдавс Садиков дар соли 2014 аз Шаҳбол муроқибат карда, моҳи январи соли ҷорӣ низ дар Хуҷанд аз вазъи ӯ огоҳ шудааст.

Ҳоло Додгоҳи олӣ расман ба бемористони Вишневскийи мутааллиқ ба Вазорати дифои Русия муроҷиат карда, хостааст, ки маблағи давраи табобати Шаҳбол Мирзоевро низ дақиқ кунад. Ҳайати мушовараи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки қазияи Шаҳбол таҳти назорати додрас Муҳаммадзода қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҷавоби беморхонаи Вишневскийро дастрас накардаанд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин иқдом бо пешниҳоди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, ин ниҳоди давлатӣ ба ҳарфҳои оилаашон дар бораи харҷи табобати Шаҳбол бовар надорад ва мехоҳад, ки аз ин тариқ дурустии изҳороти онҳоро дақиқ намояд.

Ӯ гуфт, “Сарраёсат ҳанӯз дар мавқеи пешинаи худ қарор дорад ва пардохти ҷуброн ба Шаҳболро ба гардан намегирад.”

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар моҳи майи соли гузашта қарор карда буд, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ бидиҳад. Вале, баъдан, дар моҳи август Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти намояндаи додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард.

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломати ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

XS
SM
MD
LG