Пайвандҳои дастрасӣ

Украина қавл дод, ки ислоҳотро идома медиҳад


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина Сандуқи Байналмиллалии Пулро мутмаин сохт, ки ислоҳоти иқтисодиро анҷом медиҳад ва ришвахорӣ дар ҳукуматро аз байн мебарад.

Баъд аз гирифтани ҳушдор аз ин муассисаи молии байналмиллалӣ, ки ба Украина барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ 17,5 миллиард доллар қарз додааст, 10 феврал Порошенко бо Кристин Лагард-раиси ин муассиса телефонӣ сӯҳбат кард ва ризоят дод, ки барои идомаи ислоҳот харитаи роҳро таҳия хоҳад кард.

Дар торнамои раиси ҷумҳури Украина гуфта мешавад, “раиси ҷумҳур хотирнишон сохтааст, ки бидуни баргузории интихобот дар таркиби кобина тағирот ба амал хоҳад омад, зеро имкон дорад, ки интихобот вазъи сиёсиро бадтар ва анҷоми ислоҳотро мушкилтар кунад,”.

Кристин Лагард ба таври ҷиддӣ ҳушдор дод, ки бидуни талошҳои нав барои анҷоми ислоҳот ва мубориза бо ришвахорӣ мушкил хоҳад буд, ки барномаҳои ҷонибдоришуда аз сӯи Сандуқи Байналмиллалии Пул бо муваффақият анҷом бигирад.

XS
SM
MD
LG