Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: "Иқтисоди Тоҷикистон дучори шокҳои ҷиддист"


Tokyo, 10Oct2012
Tokyo, 10Oct2012

Пол Росс, роҳбари ҳайати вижаи Сандуқи байналмилалии асъор гуфтааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дучори шокҳои ҷиддии хориҷӣ аст. Вай ки тайи даҳ рӯзи охир дар Тоҷикистон қарор дошт, бо нашри як иттилоия рӯзи 10−уми феврал дар Вошингтон гуфтааст: “Тайи 18 моҳи охир иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар кишварҳои минтақа шоҳиди шокҳои ҷиддии иқтисодии хориҷӣ ҳастанд. Ин шокҳо боиси камшавии маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ва даромадҳо аз ҳисоби содирот шуданд.”

Пол Росс тайи сафари хеш ба Тоҷикистон бо намояндагони аршади ҳукумат ва аз ҷумла блоки иқтисодии кишвар дидору мулоқот доштааст. Дар ин сафар Пол Росс бо нахуствазир Қоҳир Расулзода ва муовини ӯ Давлаталӣ Саид ва ҳамчунин роҳбари Бонки миллӣ−Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мулоқотҳо доштааст.

Дар иттилоияи Сандуқи байналмилалии асъор омодааст, ки ин созмон омодааст барои рушди ниҳодҳои давлатӣ Тоҷикистон кӯмаки фаннӣ расонад. Аммо Сандуқи байналмилалии асъор таъкид кардааст, ки танҳо дар сурате омода аст ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ расонад, ки мақомот барномаи муаасири ислоҳоти иқтисодиро рӯи даст бигиранд.

XS
SM
MD
LG