Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ дар Душанбе шурӯъ шуд


Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе рӯзи 10 феврал шурӯъ шуд.

Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе рӯзи 10 феврал дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ шуд.

Барои чаҳор роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ ҳашт даста мубориза мебарад. Дар нахустин даври мусобиқот “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт. Дар бозии дигар “Хайр”-и Ваҳдат бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Имрӯз, 11 феврал, ду бозии дигари даври аввал миёни дастаҳои “Кӯктош” (Рӯдакӣ) – “Локомотив” (Душанбе) ва ССКА “Помир” (Душанбе) – “Истиқлол” (Душанбе) баргузор мешавад.

Панҷумин давраи Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – барпо мегардад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, давраи аввали мусобиқот, ки минтақавист, аз 5-ум то 25-уми феврал дар вилояти Суғд ва аз 10-ум то 25-уми феврал дар минтақаҳои Хатлону Душанбе баргузор мешавад. Давраи дувум – марҳалаи ниҳоӣ – аз 1-ум то 12-уми март дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқот баои дарёфти Ҷоми ФФТ-2016 дастаҳои лигаҳои олӣ, якум ва дуюми Тоҷикистон ширкат меварзанд. Барои иштирок дар мусобиқоти вилояти Суғд дастаҳои кишварҳои хориҷӣ низ роҳ дода мешаванд.

Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки бо ягон сабаб аз ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ даст мекашанд, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ муҷозот мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор шудааст. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Даври 1-ум

«Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

«Барқи тоҷик» – «Хайр» – 0:2

11 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив»

15:00 – ССКА «Помир» – «Истиқлол»

Даври 2-юм

12 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Помир» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Кӯктош»

13 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

15:00 – «Локомотив» – ССКА «Помир»

Даври 3-юм

14 феврал (якшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Регар-ТадАЗ»

15 феврал (душанбе)

10:30 – ССКА «Помир» – «Хайр»

15:00 – «Истиқлол» – «Локомотив»

Даври 4-ум

16 феврал (сешанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив»

15:00 – «Хайр» – «Истиқлол»

17 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Помир» – ССКА «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Кӯктош»

Даври 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – ССКА «Помир» – «Барқи тоҷик»

19 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Истиқлол» – «Помир»

15:00 – «Локомотив» – «Хайр»

Даври 6-ум

20 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

15:00 – «Помир» – «Локомотив»

21 феврал (якшанбе)

10:30 – «Барқи тоҷик» – «Истиқлол»

15:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир»

Даври 7-ум

24 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Локомотив» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Помир»

25 феврал (панҷшанбе)

10:30 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG