Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳандозии системи ҷадиди ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷиҳати шафофият ва коҳиши бюрократия дар системаи ҳуҷҷатгузорӣ барои расмкунонии санаду ҳуҷатҳо низоми ягонаи электронии барасмиятдарории хуҷҷатҳоро ба роҳ мондааст.

Намояндагони идораҳою ширкатҳо барои дарёфти иҷозатнома дар бахшҳои мухталифи ин соҳа метавонанд аз ин систем кор гиранд.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар зарфи як ҳафтаи оянда ин система ба таври комил мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Қурбонхон Саидов, сардори раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт,ин иқдомро дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (lFC) ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар гирифтаанд.

Вай гуфт, ин система тамоми соҳаи нақлиёт бо шумули роҳи оҳан, ҳавопаймоӣ ва соҳаҳои дигарро дар бар гирифта ва ин имкон медиҳад,ки барои дарёфти иҷозатнома вақт сарфа шавад ва ҷараёни баррасии масъала ба таври шаффоф сурат гирифта аз сарфу харҷи ҳар гуна ҳуҷҷатҳои барзиёдатӣ ҷилавгирӣ шавад.

То кунун барои дарёфти иҷозатнома ҷиҳати сохтмони роҳ ё таъмири қитъаи роҳ аз навоҳии дур равуои зиёд сурат мегирифт. Акнун тариқи электронӣ бо ирсоли дархост дар вазорат санҷида ба воситаи электронӣ иҷозатнома фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG