Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нируҳои НАТО дар Полша афзоиш меёбанд


Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг-Дабири кулли паймони НАТО гуфт, интизор меравад, ки ҳамин ҳафта вазирони дифои кишварҳои узв барномаи тақвияти ҷабҳаи шарқиро ба тасвиб расонанд.

Столтенберг 10 феврал пеш аз мулоқоти дурӯзаи вазирони дифоъ зимни суханони худ дар Бруссел гуфт, афзоиши ҳузури НАТО дар Полша, ки ба Русия наздик аст, “паёми рӯшане хоҳад буд”. Вай гуфт, “НАТО ба ҳар гуна таҷовуз бар зидди ҳампаймонҳояш ҷавоб хоҳад дод.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ба истиқрори ниру дар Полша ҳазорон нафар низомиёни ивазшаванда дохил мешаванд. Ин кор бахше аз барномаи густардаи НАТО дар ҷавоб ба бӯҳрони Украина ва пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG