Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадии Бокова ба мақоми Дабири Кулли СММ


Ирина Бокова

Ирина Бокова

Булғористон Ирина Бокова-раиси бахши омӯзишӣ ва илмию фарҳангии СММ ё ЮНЕСКО-ро ба мақоми Дабири Кулли СММ пешниҳод кардааст. Дар ин бора 9 феврал вазири корҳои хориҷаи Булғористон хабар дод.

Бан Ки Мун ин мақомро дар поёни соли ҷорӣ тарк хоҳад кард ва аз моҳҳо ба ин сӯ сару садоҳо идома дорад, ки оё раҳбарии ин созмони муътабарро саранҷом зане бар уҳда хоҳад гирифт ё хайр. Аз соли 1946 то ҳол ин созмонро танҳо мардон, яъне ҳашт мард раҳбарӣ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷаи Булғористон гуфт, Бокова бо таҷриба ва собиқае, ки дорад, яке аз номзадҳои беҳтарин дар мақоми Дабири Кулли СММ хоҳад буд.

Муаррифии номзадии Бокова дар ҳоле сурат мегирад, ки як рӯз пеш хонуми булғорӣ Кристалина Георгиева-муовини раиси Кумиссиюни Аврупо эълон кард, ки номзадиашро ба мақоми Дабири Кулли СММ пешбарӣ намекунад.

Бокова ба забонҳои англисиву русӣ ва фаронсавиву испанӣ хуб сӯҳбат мекунад ва аз соли 2009 то ҳол раиси ЮНЕСКО мебошад. Пеш аз он вай вазири корҳои хориҷаи Булғористон ва сафири кишвараш дар Фаронсаву Монако буд.

XS
SM
MD
LG