Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир ягона варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи 2016 роҳхат гирифтааст. Ӯ даври аввали омодагиҳоро дар Тошканд гузаронд ва ҳоло дар Душанбе ба тамринаш идома медиҳад.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруф, дар ҳоли ҳозир танҳо варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф гашт.

То замони баргузории бозиҳои тобистонаи олимпӣ камтар аз шаш моҳи дигар мондааст. Гурзандози маъруфи тоҷик даври аввали омодагиҳояшро дар Тошканд гузаронда, феълан дар Душанбе машғули тамрин аст. Ӯ мегӯяд, ки "ҳарчанд зимистон аст, аммо ҳаво барои машқ мусоид аст. Шароити олӣ ба ман имкон медиҳад, ки машқҳоро дар фасли зимистон хуб гузаронам."

Дилшод Назаров бо вуҷуди серкориаш ба хонаводааш низ таваҷҷуҳи хос дорад ва мекӯшад, ки вақти холиашро дар иҳотаи аҳли байташ гузаронад. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар – аст. Бар замии ин, ӯ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар низ ифои вазифа мекунад. Ӯ мегӯяд, ки "ҳар як варзишгари ҳирфаӣ реҷаи кории худро дорад ва набояд варзиш ба оила ва кор ва кору оила ба варзиш халал расонанд."

Гурзандози маъруфи тоҷик дар бораи рақибонаш, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо барои ҷоиза талош мекунад, гуфт, ки "ман 5-6 рақиби аслӣ дорам, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо сабқат мекунам. Инҳо варзишгарони Лаҳистон, Маҷористон, Русия ва Миср мебошанд, ки дар тӯли солҳои ахир мунтазам натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд."

То оғози Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гурзандози тоҷик дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ, аз ҷумла моҳи май дар Ҷумҳурии Чех иштирок хоҳад кард. Ин аввалин мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки аз натиҷаи ин мусобиқа маълум хоҳад шуд, ки ӯ ба мавсими имсола то чӣ ҳад омода аст.

"Аз ҳама мақсади олӣ дар Олимпиада ин ба даст овардани медал мебошад. Бинобар ин, мо умед мебандем, омодагӣ мегирем, вале чунонки мегӯянд, ҳамааш бо хости Худост. Агар ҳама чиз хуб анҷом ёбад, медал ҳам мешавад," - хулоса кард Дилшод Назаров.

Ҳолнома:

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Ҷамолиддинович Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015(Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG