Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки башардӯстонаи Покистон ба Тоҷикистон


Бар асари заминларза садҳо хонаи сокинон хароб гардид
Бар асари заминларза садҳо хонаи сокинон хароб гардид

Нахустин бахши кумакҳои башардӯстонаи Покистон ба сокинони аз заминларза осебдидаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ирсол шудааст.

Бино ба гузориши нашрияи The Observer-и Покистон, генерал Асғар Навоз, раиси Хадамоти вазъияти фавқуллодаи ин кишвар, ба Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, 1200 адад хайма, 12 ҳазору 500 адад кампал ва 1280 тонна гандумро супурдааст.

Зимнан, Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири захираҳои об ва энерҷии Покистон, рӯзи 12 январ ҳангоми дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки кишвараш ба зарардидагони заминларзаи 7 декабр дар вилояти Бадахшон ба миқдори 1 миллион доллар кумак хоҳад кард.

Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дода, бар асари он даҳҳо манзили сокинон вайрон ва ду нафар ҷон бохтанд. Аз ин офати табиӣ бештар ноҳияи Рӯшони ин вилоят осеб дид. Ҳукумати Тоҷикистон мизони хисороти иқтисодӣ аз заминларзаро 3,5 миллион доллар баровард кардааст.

Қаблан, Амрико, Олмон, Туркия, Озарбойҷон ва Русия ба осебдидагони заминларза дар вилояти Бадахшон кумаки башардӯстона ирсол карда буданд.

XS
SM
MD
LG